Эрдуғон духтареро аз Путин "рабуд" (Навор)

Обуна шудан
Раҷаб Тайип Эрдуғон ҳангоми аксгирии якҷоя духтареро, ки дар назди Владимир Путин меистод "рабуд"

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи гузашта, 3 парел бо сафари дурӯза ба Туркия рафт.

Бо президентҳо  дар вақти аксгирии якҷоя руйдоди аҷибе ба вуқӯъ пайваст: Эрдуғон дид, ки дар бари Путин се духтар меистанд, дар назди вай ягон духтаре  нест, як занро аз назди Путин бурд.  Вай аз духтаре, ки дар назди Путин меистод, хоҳиш кард, ки ба назди вай биёяд.

Дар рӯзи авали сафари раисҷумҳур ба Туркия Эрдуғон ва Путин дидор карданд ва нерӯгоҳи атомии "Аккую"-ро ба истифода доданд. Онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд, ки муносибатҳои Русия ва Туркия дар сатҳи олӣ  қарор доранд.

Эрдуғон гуфт, Туркия мехоҳад ҳамчунин дар масолили минақавӣ ба Русия ҳамкорӣ кунад.

Лентаи хабарҳо
0