09:09 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Видео

Навори фоҷиа дар Олмон

Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0
© Youtube

Дар шаҳри Мюнстери Олмон шахсе мошинашро ба рӯйи издиҳом ронда се касро ҳалок ва 20 тани дигарро захмӣ кардааст

Ронандае, ки рӯзи 7 апрел бо худраваш ба издиҳом ҳамла кард, бемории рӯҳӣ доштааст.

Ҳамлагар шаҳрванди Олмон, бемори рӯҳӣ будааст. Манзили ӯро ковтуков доранд.

Гуфта мешавад, ки ин ронанда бемории рӯҳӣ доштаасту пас аз ҳамла худкушӣ кардааст.

Намояндаи расмии пулиси Олмон Андреас Боде қайд кардааст, ки дар бораи инфиҷор гуфтан барвақт аст.

"Ҳозир дар бораи инфиҷор гуфтан барвақт аст. Корҳои тафтишотӣ идома доранд", — изҳор дошт пулис.

Барчаспҳо:
ҳалокати се кас, ҳамла, фоҷиа, Олмон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ