14:01 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Видео

Навори сабқати ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар Узбакистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
31420

Комроншоҳ Устопириён паҳлавони тоҷик дар VII сабқати байналмилалии куштии кураши Ҷоми Амир Темур, ки 21-22 апрел дар Шаҳрисабз баргузор гардид, барандаи медали тилло ва Ҷоми раисҷумҳури Узбакистон шуд

Ҳафтумин сабқати байналмилалии кураши Амир Темур, барои Ҷоми раисҷумҳури Узбакистон, ки аз 20 то 22 апрел дар шаҳри Шаҳрисабзи Узбакистон баргузор шуд.

Дар мусобиқаи мазкур Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кило ҷойи аввалро ишғол намуда, медали тилло ва Ҷоми раисҷумҳури Узбакистонро ба даст овардааст.

Дар сабқати ниҳоӣ паҳлавони тоҷик бо рақиби финиаш Самули Виитанен, варзишкори  амрикоӣ Колтон Браун ва куштигири узбак Муҳаммадалӣ Маҳдиев рақобат кард.

 Дар саҳифаий фейсбукии паҳлавони тоҷик порчае аз лаҳзаи куштиашро мунташир кардаанд. Тавре дар навор дида мешавад, Устопирён бо рақиби узбакаш  Муҳамадалӣ Маҳдиев дурудароз қувваозмоӣ карда, бар вай пирӯз мешавад.  

Ёдрас мешавем, ки Беҳрӯз Хоҷазода низ дар вазни 73 кило соҳиби медали тилло ва Ҷоми раисҷумҳури Узбакистонро дар ҳаҷми 3 ҳазор доллар гашт.

Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Акмал Муродов низ намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни 81 кило сазовори медали биринҷӣ ва 750 доллари америкоӣ гардид.

Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони беш аз 30 кишвар Осиёи марказӣ, Русия ва Украина иштирок намуданд. 

 

 

Барчаспҳо:
навор, сабқат, Комроншоҳ Устопириён, Узбакистон, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ