17:55 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Видео

Меҳрона Ғайбуллоева бо таронаи "Искала"-и Земфира доваронро қоил кард

Гирифтани линки кӯтоҳ
18910

Ягона намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона Ғайбуллоева аз давраи чорякфиналии озмун сарбаландона гузашт

Меҳрона ин дафъа суруди "Искала"- и Земфираро иҷро кард ва ӯро тамошобинону доварон гарм пешвоз гирифтанд.

Дар мусоҳиба тоҷикдухтар худ гуфта буд, интихоби  суруд барояш хело мувофиқ аст.

"Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар интихоби суруд ба ман кӯмак кардаанд, изҳори миннатдори баён мекунам. Ин тарона бароям хело мувофиқ аст",- қайд кард вай.

Аввалин шуда, тугмаи сабзро оҳангсоз ва продюсер Виктор Дробиш пахш кард. Юлианна Караулова низ дер интизор нашуд, каме бодиққат Меҳронаро гӯш кард ва тугмаро пахш  намуд.

Афзун бар ин, маҳз интихоби ин ҳунарпеша ба Меҳрона афтод ва тоҷикдухтар яке аз чор овозхонҳо шуд, ки ба давраи нимниҳоӣ дар ин бахши барнома роҳ ёфт.

Сергей Лазарев гуфт, "ҳам ҳунарнамоӣ ва ҳам нақшофарӣ ва ҳам овоз — ҳаммааш олӣ буд".

Оҳангсози машҳур ва тавоно Игор Крутой гуфт, ки каме дар сабк иштибоҳ ба назар мерасид, барои ҳамин тугмаи вай сурх монд.

Меҳрона ҳунарнамоиро ҳануз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад. Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, Меҳрона Ғайбуллоева, Русия, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ