Маросими савгандёдкунии Владимир Путин

Обуна шудан
Дар Кремл маросими савгандёдкунии кишвардори Русия Владимир Путин баргузор мешавад

Парчамбардорон ба толори Андреевский парчами давлатии Русия, штандарти раисҷумҳур, китоби Сарқонун ва рамзи кишвардори Русияро меоранд.

Раисони ду палата ва Додгоҳи конститутсионӣ ба минбар мебароянд.

Раисҷумҳур дасти худро болои сарқонун гузошта савганд ёд мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи гузориши Кумисюни марказии интихоботи Русия, дар паи шумориши 99,81 дарсад аз раъйҳо, Владимир Путин бо дарёфти 76,67 дарсад дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия пирӯз шуд.

Бино бар ин гузориш, дар ин раъйгирӣ беш аз 70 дарсад аз раъйдиҳандагон ширкат карданд ва Владимир Путин 5 милюн раъй бештар аз интихоботи соли 2012 ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0