Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав (Навори мустақим)

Обуна шудан
Дар Майдони Сурх бахшида ба 73-умин солгарди таҷлили Рӯзи Ғалаба гузашти низомӣ баргузор гардид

Дар чорабинӣ сарони кишварҳои хориҷӣ низ иштирок доранд. Дар гузашти низомӣ бештар аз 12,5 ҳазор низомӣ ва 150 яроқ ва техникаи ҳарбӣ ҷалб карда шудааст.

Имшаб соати 22:00 (бо вақти Макав)  дар 28 шаҳри Русия оташбозӣ мешавад. Соати 15:00 чорабинии "Ҳанги ҷовидон" сар мешавад, ки дар он тоҷикон низ иштирок мекунанд.

Нахустин бор тоҷикони Маскав соли 2016 ба аксияи "Ҳанги ҷовидон" ҳамроҳ шуда буданд.

Порсол дар роҳпаймоии "Ҳанги ҷовидон" беш аз 700 намояндагони Тоҷикистон бо аксҳои бобоёни худ қадам заданд.

Лентаи хабарҳо
0