10:41 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Видео

"Ҳеҷ кас фаромӯш нашудааст": навори роҳпаймоии сокинони Душанбе дар "Ҳанги ҷовидон"

Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0
© Sputnik Амир Исаев

Дар роҳпаймоӣ на танҳо ҷавонон ба назар мерасиданд,балки бузургсолону кӯдакон низ дар даст акс ба кӯчаҳои Душанбе баромада буданд

Имсол дар чорабинии "Ҳанги ҷовидон" дар Душанбе бештар аз 600 тан иштирок карданд.

Сарфи назар аз он ки чорабинӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба нақша гирифта нашуда буд, Шурои ҷанговарону интернатсионалистони Тоҷикистон қарор дод, ки ин чорабиниро баргузор кунад.

Нафароне, ки мехостанд аз гузаштагони худ, ки иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд, ёд кунанд, дар даст акси онҳо ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд.

Ҳаракати "Ҳанги ҷовидон" аз маркази шаҳри Душанбе, майдони Дӯстӣ сар шуда, аз он ҷо иштирокдорони маросим то Боғи Ғалаба рафтанд. Чорабини як соат идома кард.
Дар "Ҳанги ҷовидон" на танҳо ҷавонон иштирок доштанд, балки ба он пиронсолону кӯдакон низ ҳамроҳ мешуданд.

Дар Боғи Ғалаба иширокдорони "Ҳанги ҷовидон" дар назди Оташи ҷовидон ва ҳайкали ҷанговарони кушташуда гул гузошатнд.

Чорабинӣ бо аксгириву сурудхонӣ ва рақс идома кард.

Барчаспҳо:
"Ҳанги ҷовидон", роҳпаймоӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ