01:17 22 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Видео

Тазоҳурот дар Маскав: барои пуштибонӣ аз рӯзноманигори РИА Новости

Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0
© RUPTLY.

Дар назди бинои сафорати Украина дар Маскав барои пуштибонӣ аз рӯзноманигорони боздоштшуда, тазоҳурот гузашта истодааст

Пештар сармуҳаррири МИА "Россия сегодня" Маргарита Симонян мардумро барои ширкат дар тазоҳурот даъват карда буд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 май раҳбари "РИА Новости-Украина" Кирилл Вишинский боздошт шуд.

Қазияи боздошти раҳбари "РИА Новости-Украина" Кирилл Вишинскийро додгоҳи Херсон баррасӣ мекунад.

Эҳтимол дорад, ки Кирилл Вишинскийро ба муҳлати то 15 сол аз озодӣ маҳрум кунанд. Ҳукумати Украина Вишинскийро дар хиёнат ба ватан айбдор кардааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украина рӯзи 15 май ба бинои оҷонсии хабаргузории РИА Новости ворид шуда, раҳбари онро боздошт карданд.
Думаи давлатии Русия аз ҷониби Украина талаб дорад, ки рӯзноманигорро озод кунанд.

Сармуҳаррири МИА "Россия сегодня" ва шабакаи RT Маргарита Симонян гуфт, ки то охир барои озод кардани Кирилл талош мекунад.
"Ӯ ҳамкори мо набуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ӯ шарики мо аст ва мо то охир ин қазияро ҳал хоҳем кард", — гуфт Симонян.

Ӯ илова кард, ки "агар Русия чораҳои ҷавобиро пеш гирад", боздошти "чанд рӯзноманигори украинӣ" мушкил нест, чун дар Маскав онҳо зиёданд, вале Русия бо роҳи демократия меравад.

"Укриана роҳи дигарро пеш гирифтааст ва фикр мекунад, ки Урупо аст", — гуфт Симонян.

Барчаспҳо:
дастгирии рӯзноманигор, тазоҳурот, Кирилл Вишинский, Маскав

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ