16:42 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
© Sputnik / Амир Исаев

Дар назди Театри опера ва балети Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонон консерти идона баргузор шуд

Насли ҷавони пойтахт барои меҳмонон ва бошандагони Душанбе барномаи диданӣ пешкаш карданд.

Ҷавонон дар даст парчами Тоҷикистон ба ҷашнгоҳ омада буданд. Варзишкорони наврас бо ифтихор медалҳои худро дар гардан овехта саҳми худро дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон намоиш медоданд.

Овозхонон ва сарояндагони ҷавон барои меҳмонон сурудҳо иҷро карда бо шеърҳояшон ба Тоҷикистон изҳори муҳаббат мекарданд.

Бештар ҷавондухтарон шодӣ мекарданд. Онҳо бо пироҳанҳои зебо таҳти мусиқии тоҷикӣ ба рақс медаромаданду мардум гирдашон карда бо кафкӯбиҳо дастгириашон мекарданд.

Чунин барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон ҳамчунин дар назди бинои Сирки давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, дар боғи ба номи Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар майдони "800-солагии Маскав" ноҳияи Шоҳмансур ва дар боғи ба номи Мироненкаи ноҳияи Сино баргузор шуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори таҷлили Рӯзи ҷавононро соли 1997 қабул карда буд.

Оғоз аз он сол дар Тоҷикистон рӯзи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад.

Маъмулан дар ин рӯз сабқатҳои варзишӣ, олимпиадаҳои мактабӣ, намоишгоҳҳо ва барномаҳои консертӣ баргузор мешаванд. Ҳадафи аслӣ аз таҷлили ин ҷашн-ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти насли ҷавони кишвар мебошад.

Барчаспҳо:
23-май соли 2018, таҷлил, Рӯзи ҷавонон, Душанбе

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ