Даври ниҳоии озмуни "Ту беҳтаринӣ!". Пахши мустақим

Обуна шудан
Вақти муайян кардани ғолиби даври дуюми озмуни "Ту беҳтаринӣ!" фаро расид

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд.

Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар даври дуюми озмуни "Ту беҳтаринӣ!" овозхони ҷавон Меҳрона Ғайбуллоева намояндагӣ кард.

Ӯ то даври нимниҳоии озмун рақобат карду мутаассифона ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт.

Ҳукумати Маскав ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Меҳронаро барои тарғибу ташвиқи мусиқӣ Меҳронаро қадрдонӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0