Диана Анкудинова ғолиби озмуни "Ту беҳтаринӣ!" шуд. Навор

Обуна шудан
Диана Анкудинова зодаи Толятии Русия ғолиби даври дуюми озмуни "Ту беҳтаринӣ!" шуд

Даври дуюми озмуни "Ту беҳтаринӣ!" анҷом ёфт. Дар ин давр пирӯзӣ насиби овозхони ҷавони 14-сола-Диана Анкудинова шуд.

Дар даври ниҳоӣ Диана суруди Лара Фабиан Tomorrow is a lie-ро ба забони англисӣ иҷро кард.

"Игор Крутой ва ситораи шоу-"Ту беҳтаринӣ!"-эълом кард муҷрии барнома Вадим Такменёв.

Ба гуфти бастакор Диана сурудро ба шакли худ сароид, вале аз уҳдааш баромад.

"Ба фикри ман ту аҳ уҳдааш баромадӣ. Офарин", — гуфт Игор Крутой.

Овозхон Юлианна Караулова ба овозхони ҷавон мувафаққият орзу кард.

"Дар бари ту маэстро истодааст ва ин мувафаққияти бузург аст", қайд кард Юлианна.

Лентаи хабарҳо
0