Кӣ зӯртар?: Навори пойгаи аспдавонӣ дар Душанбе

Обуна шудан
Ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуд

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 26 май дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" —и пойтахт пойгаи аспдавонӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16 — сола боло бо аспҳои 2, 3, 4 ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0