03:26 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Видео

Навори кучукҷанги сагҳои чӯпонӣ дар Тоҷикистонро дар You Tube 3 миллон бор тамошо карданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
25910

Видиои кучукҷанги ду гурӯҳ сагҳои чӯпонии осиёимиёнагӣ, ки дар Тоҷикистон чорворо ҳимоят мекарданд, таваҷҷуҳи беш аз 3 миллион бинандаро дар YouTube ҷалб намудааст.

Саг — посбони асосии чӯпонон дар Тоҷикистон аст. Рамаи гӯсафандонро чӯпонҳо маҳз ба воситаи саг идора мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сагони рамаҳои гуногун ҳангоми подабонӣ ба ҳамдигар дармеафтанд.

Ҳамин гуна як ҳодисаро чӯпони тоҷик ба навор гирифтанд. Видиои мазкур соли 2014 нашр шудааст. То имрӯз навори кучукҷанг дар кӯҳҳои Тоҷикистонро қариб 3 миллион нафар тамошо кардаанд.

Бинандаҳои YouTube  зери навор шарҳҳои гуногун навиштаанд. Бархе аз корбарон бар ин боваранд, ки зоти сагҳои чӯпонӣ беҳтарин намуди саг аст. Зеро  онҳо соҳибони худро то дами охир ҳимоят мекунанд.

Саги чӯпонӣ — яке аз зотҳои қадимии  сагҳои  осиёимарказӣ мебошад. 

Онҳоро чӯпонҳо барои ҳмоияи рамаву чорво ва  хизмати посбонӣ истифода мебаранд. 

Барчаспҳо:
ҷанҷол, саг, чӯпон, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ