23:35 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Видео

Як зарбаи нокоми Месси мухлисонро шигифтзада кард (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия (15)
267 0 0

Ҳамлагари тими мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар мусобиқаи Аргентина бо Исландия пеналти (зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ба дарвозаи ҳариф) зада натавинист

16 май дар майдони "Спартак"-и Маскав дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Исландия ба мусобиқа баромаданд.

Ин аввалин бозӣ дар гурӯҳи D буд.

Дар дақиқаи 19-ум ҳисобро варзишкори аргентинӣ Серхио Агуэро кушод. Аммо ҳамагӣ пас аз се дақиқа футболбози Исландия Алфред Финнбогасон ҳисобро баробар кард.

Дар дақиқаи 64 Лионел Месси зарбаи ҷаримавиро зада натавонист, ки ҳисоби Аргентинаро метавонист як зина боло кунад. Ин лаҳзаи бозӣ барои мухлисон ва ҳаводорони Месси аҷиб буд.

"Баъзан беҳтаринҳо ҳам наметавонанд", — навиштаанд онҳо.

То охир бозӣ хело муташанниҷ буд, аммо дастае ба дарвозаи ҳариф тӯб назад.

Бояд қайд кард, ки бозии ду тимро мухлисони зиёде тамошо карданд.

Мавзуҳо:
Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия (15)
Барчаспҳо:
футбол, гол, Ҷоми футболи ҷаҳон дар Русия, Лионел Месси, Дар ҷаҳон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ