02:49 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Видео

"Худрав пора-пора шуд", "ронанда паррид" - нақли шоҳидон аз садамаи мудҳиш (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
899 0 0
Телеканал 360

Ба гуфтаи шоҳидони садама, дар хиёбони Кутузови шаҳри Маскав, яке аз худравҳо, BMW "пора-пора" шуда, ронанда "аз худрав парридааст"

Хабаргузории "Телеканал 380" навори садмаи мудҳиши ду худравро дар хиёбони Кутузови пойтахти Русия мунташир кардааст. Садама 16 июн дар наздикии истгоҳи метро рух дода, дар натиҷа як нафар ҷон бохтааст.

Ба гуфтаи шоҳидони садама, дар хиёбони Кутузови шаҳри Маскав, яке аз худравҳо, BMW "пора-пора" шуда, ронанда "аз худрав парридааст"

Онҳо ҳамчунин афзудаанд, ки чархҳҳои ҳарду мошин ҳам канда шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Дар натиҷаи садама дар шаҳи Турсунзода ду пиёдаргард ҷони худро аз даст доданд.

Ронандаи худрави "ДЭУ-Тико", Саидов Азиз, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи "Душанбе-Турсунзода", ду хоҳаронро пахш намуд, ки дар натиҷа онҳо ба ҳалокат расиданд. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон фоҷиа дар ҳудуди деҳаи Ҷовидони шаҳри Турсунзода сурат гирифтааст.

Ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Алиева Назира ва Ҳасанова Насибаро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Барчаспҳо:
худрав, садама, ронанда, Дар ҷаҳон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ