Хашми корбарон аз гиряи ноҷои муҷрии телевизион (НАВОР)

Обуна шудан
Шореҳи сиёсии телевизиони MSNBC Рейчел Мэддоу дар рафти барномаи хабарӣ гиря кард ва барномаро пеш аз вақт ба анҷом расонид

Муҷрии телевизион Рейчел Меддоу дар рафти барнома дар телевизиони MSNBC гиря кард, ки боиси хашми бинандагони телевизион гардид.

Шореҳ дар барномаи хабарӣ маводеро дар бораи сиёсати муҳоҷиратии Ҳукумати Амрико мехонд, нохост вай аз хондан бозистод ва даҳонашро бо дастонаш маҳкам кард.
Сипас зан хонданро идома доду  дар ҷумлае, ки гап дар бораи ҷудо кардани кӯдакони муҳоҷир аз волидон дар сарҳад мерафт, заҳархандае карду боз лаҳзае бозистод, ки гӯё ашки чашмонашро бозистонданӣ бошад.

Мэддоу дар идома  чунин зери таъсири ҳиссиёт монад, ки дигар қудрати идомаи барномаро надошт ва ҳамин тавр ахборро пеш аз вақт ба итмом расонид.

Корбарон зери ин навор шарҳҳои гуногун навишта, гиряи муҷриро дар барнома ноҷо хондаанд.

Ба гуфтаи онҳо, муҷрӣ дар ҳама гуна ҳолат бояд худро ба даст гирад ва ҳиссиёт дода нашавад ва барномаро то охир расонад.

Лентаи хабарҳо
0