11:05 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
© Sputnik Стас Этвеш

Кормандони ниҳод, фаъолони иҷтимоӣ ва аҳли илму адаби тоҷик дар Маскав Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил карданд

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар назди дипломатҳо, олимону ҳунармандон ва фаъолони иҷтимоӣ Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов суханронӣ кард.

Дар рафти баромадаш Сатторов таъкид кард, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷик санаи муҳим ба ҳисоб меравад.

"Дар ин рӯз ман на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки Русия низ сулҳу субот ва руши кишварро таманно мекунам", — афзуд ӯ.

Дигар намояндагони сиёсиву илмӣ ва фарҳангии тоҷик дар Русия тоҷиконро бо ин рӯзи тақдирсоз шодбош гуфтанд.

Барчаспҳо:
Ваҳдати миллӣ, сафорати Тоҷикистон дар Русия, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ