Рақс ва футболбозии Ким Чен Ин дар кӯчаҳои Маскав (НАВОР)

Обуна шудан
Ҳамандоми роҳбари Кореяи Шимолӣ дар кӯчаҳои Маскав гашта, рақс ва футболбозӣ мекард. Вақте дастони занонро мебӯсид, бонувон ӯро Ким Чен Ин гумон карда, шодӣ мекарданд

Дар навор нигаред, ки чигуна ҳузури роҳбари Кореяи Шимолӣ меҳмонон ва сокинони Маскавро хурсанд кард.

Пештар ҳамандоми футболбози аргентинӣ Месси ба Русия барои дастгирии тими мунтахаби Эрон омада буд.

Ризо ҳар рӯз ба Инстаграм дар бораи саргузаштҳои аҷибе, ки бо вай рух медиҳад, навор ё акс мегузошт.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки гӯё пулиси Маскав Мессии эрониро барои ким кадом қонуншиканиаш боздошт кардааст.

Аммо муҳофизони ҳуқуқи Маскав дар асл дар фикри  боздошти "футболбоз" ҳам набуданд.

Онҳо низ ӯро Мессии ҳақиқӣ пиндошта, аз ҳаводороне, ки ӯро иҳота карда буданд, хоҳиш мекарданд, ки тартиботро риоя кунанд.

Ҳатто кормандони Росгвардия ҳам бо "Месси" акс ва соядаст гирифтанд.

"Рӯзи гузашта овоза пайдо шуд, ки гӯё пулиси Маскав маро боздошт кардааст. Ин дуруғ аст. Шумо метавонед асли қазияро аз навор тамошо кунед: мухлисони футбол, ки аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон омада буданд, ба назди ман омада, хоҳиш мекарданд, ки якҷо акс гирем. Дар натиҷаи роҳро мухлисон бастанд. Кормандони пулиси Маскав маро бо эҳтироми хос ба ҷое дар назди девори Кремл бурданд, ки он ҷо оромтар буд. Кормандони пулис ҳам аз ман хоҳиш карданд, ки акс гирем ва ман ба онҳо соядаст додам", — навиштааст Мессии эронӣ дар саҳифаи Инстаграм.

Лентаи хабарҳо
0