21:34 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Видео

"Боғи кӯдакон" пас аз бозкушоии Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Дар даромадгоҳи асосии боғ дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудаанд. Мизи шоҳмот, ки дар як гӯшаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маросими ифтитоҳи "Боғи кӯдакон" иштирок намуданд.

Дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин аз Туркия ва Италия барои боғи тозатаъсис 115 адад чархофалакҳои гуногун ворид ва насб шудааст.

Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасон"-и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад.

 

Барчаспҳо:
навор, бозкушоӣ, "Боғи кӯдакон", Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ