11:04 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Видео

Дар инфиҷори бузург дар Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
398 0 0

Дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафт, ки дар пайи он як шаҳрванди Тоҷикистон низ маҷрӯҳ шуд ҷароҳат бардошт

Дар пайи сӯхтори шадид фурӯши сузишворӣ ва бинои маъмурии он комилан сӯхт, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Дар наворе, ки шоҳидон гирифтаанд, дида мешавад, ки дуди сиёҳе  ҳавои ноҳияро олуда кардааст. Овози таркиши НФС низ шунавида мешавад.

Ба ҷойи ҳодиса фавран оташнишонон ва  ёрии таъҷилӣ равон карда шуд. Тавре маълум гардид, як шаҳрванди Тоҷикистон низ дар пайи инфиҷори шадиди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ маҷрӯҳ шудааст. Гуфта мешавад, ӯ ба бемористон интиқол дода шуда, айни замон дар бораи вазъи саломатияш маълумоти бештаре нест.

Бино бар маълумоти пешакӣ, мошини газкашонӣ таркидааст.

Тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
НФС, сӯхтор, ҷароҳат, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ