Дзюба: шикаст хӯрдем, вале сарфарозу хушбахтем (НАВОР)

Обуна шудан
Футболбози тими Русия Артем Дзюба дар бораи эҳсосоти футболбозони тим баъди бохт аз Хорватия дар Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 нақл кард

Чанде пеш футболбозони Русия дар давраи чорякфиналии ҷоми ҷаҳон аз тими Хорватия шикаст хӯрданд.

Ҳамлагари тими миллӣ Артём Дзюба дар бораи бозии ахирони тим ва аҳволи бозингарони даста ва худаш пас аз шикаст нақл кард.

"Ман фикр мекунам, ки чеҳраи ҳамаи мо гирифтааст. Мо шикаста, рӯҳафтода ва ноумед шудем, аммо хело ифтихор дорем. Мо сари худро хам намекунем.  Бори аввал дар чанд соли ахир аз якдигар ифтихор дорем. Хело хушбахтем, ки имкониятҳои худро, пурра набошад ҳам, нишон дода тавонистем ва барои як мақсад ҳамакаса кӯшиш кардем. Ин муҳим аст. Дар ин сабқат тими мо мисли як хонаводае буд, ки далерона мубориза мебурд", — гуфт Дзюба.

Дар посух ба суоли рӯзноманигорон ин борозингар ҳиссиёти худро пиҳон намекард.

"Мо аз самими қалб бозӣ кардем. Ҳар яки мо пирӯзӣ мехостем. Маҳз ҳамин калиди хушбахтии мо буд. То мурдан фаромӯш нахоҳам кард, ки мо чингуна барои муваффақ шудан дар ин сабқат кӯшиш кардем — ҳиссиёте буд, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад", — эълом дошт вай.

Ёдрас мешавем, дар ҷоми футболи ҷаҳон Русия бори аввал дар торих ба давраи чорякфиналӣ роҳ ёфт.

Бозии Русия ва Хорватия хело ҷолиб сурат гирифт. Давраи асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид, аммо мутаассифона тими миллӣ дар пеналтӣ аз ҳарифаш шикаст хӯрд.

Бештари коршиносон ин бозии тимро ҷолиб ва яке аз беҳитарин бозиҳои ҷоми ҷаҳон-2018 унвон карданд.

Лентаи хабарҳо
0