Дар ҷанҷоли гурӯҳӣ дар Маскав мардеро бо як зарбаи пой куштанд (НАВОР)

Обуна шудан
Дар маркази Маскав дар нази қаҳвахонае дар кӯчаи Тверская-Ямская ҷанҷоли гурӯҳӣ сар зад

Наворро як шоҳиди ҳодиса, ки дар рафти ҷанҷол дар худрави худ қарор дошт, сабт кардааст.

Дар видео дида мешавад, ки чигуна дар рафти хархаша як нафар ба замин меафтад.

 Ҷавони дигаре аз ин ҳолати марди афтода истифода бурда, ба сари вай бо пой зарба мезанад. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса аз ҳуш меравад.

Тавре Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, марди ҷабрдида то расидани ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Муттаҳам боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0