10:41 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Видео

Сипос ба ту Аҳмад: тоҷик ҳамёни як марди русро бо 100 ҳазор рубл баргардонд (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
65210

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид. Корбарон навиштаанд, ки як марди накӯ аз Тоҷикистон дар Русия ҳамёни гумшударо ба соҳибаш баргардондааст

Тавре дар навор дида мешавад, марде бо забони русӣ нақл мекунад, ки Аҳмад ном шаҳрванди Тоҷикистон ба вай ҳамёни пур аз пул, корт ва ҳуҷҷаташро баргардондааст.

"Ман ҳамёнамро гум карда будам, ва намедонистам, ки чӣ кор кунам. Тамоми ҷоро аз назар гузаронидам, вале наёфтам. Хулоса, ин мард (ба ҳамсӯҳбаташ ишора мекунад- идора) — Аҳмад, ҳамёнамро, ки дар дохилаш ҳуҷҷат корти бонк ва 100 ҳазор рубл дошт, ба ман баргардонд. Аз он як рублашро ҳам нагигирфатааст", — мегӯяд вай.

Ин ҷо мард аз Аҳмад мепурсад, ки миллаташ чист.

Аҳмад дар посух мегӯяд, тоҷик ва аз Тоҷикистон аст.

"Мехоҳам ба Шумо расонам, ки одамро аз нигоҳи миллат баҳогузорӣ накунед. Одамон ҳар хел мешаванд. Шояд ягон нафари дигар мегирифт, ҳамёнро ба ман бар намегардонд. Сипос ба ту Аҳмад", — мегӯяд вай.

Мард меафзояд, ки ба Аҳмад подош хоҳад дод.

Ба гуфтаи корбарони интернет, навор чанде пеш дар ҷумҳурии Сахаи Русия сабт шудааст.

Барчаспҳо:
ҳамён, муҳоҷир, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ