22:38 19 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.96
  • RUB0.15

Дар Эрон як духтари 18-солаи варзишкорро (гамнаст) барои мунташири навори рақси бисёр "густохона" дар Инстаграм боздошт карданд

Дар навор Маида Ҳоҷабрӣ дар ҳуҷраи худ нар назди  дурбин мерақсад.

Ӯ дар тан шими танг ва болопӯши кӯтоҳе ба  бар кардааст. Дар сар кулоҳ дорад.

Ин навор 544 ҳазор бор боздид шудааст.

 

 

Дар зери навор бештар аз  2000 нафар шарҳ навиштаанд.

Маҳз ҳамин далел боиси боздошти Моида шудааст. Ин варзишкорро дар нақзи меъёрҳои ахлоқӣ  муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳамчунин зан дар кӯчаҳо бидуни ҳиҷоб мегаштааст.

 

جهت تبلیغات دایرکت دهید

Публикация от MahiMaedeh (@maedeh_hozhabri) 10 Май 2018 в 12:12 PDT

 

Баъд аз боздошт Моида расман барои рақши густохонааш узрхоҳӣ кард.

Ҳоло ӯро озод карда, ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардаанд.

Барчаспҳо:
ҳиҷоб, боздошт, рақс, варзишкор, Эрон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ