Салом аз Воронеж ба Помир: чигуна як рус суруди Саши Заифиро бозхонӣ кард

Обуна шудан
Як шаҳрванди Русия аз Воронеж Леонид Прилепин корбарони шабакаҳои иҷтимоиро бо суруди Саши Заифӣ тасхир кардаст

Леонид Прилепин аз сафарҳояш ба Тоҷикистон  илҳом гирифта, дар Ютуб таронаҳои овозхонони машҳури тоҷикистониро ба забони тоҷикиву помирӣ мунташир мекунад.

Аллакай даҳҳо суруди ин шаҳрванди Русия ба забони тоҷикӣ ва забонҳои помирӣ мунташир шудаанд.

Таронаҳои овозхонони машҳури тоҷикро бозхонӣ мекунад. Сокинони Тоҷикистон аз ин гардишгар барои бозхонии самимонааш миннатдор шудаанд.

Вай навори худро бо салом — "ассалом алайкум" оғоз мекунад. Охирон таронаи овозхон "О му Бадахшон" ном дорад ва аз ҳунарманди машҳури бадахшонӣ Саши Заифӣ аст.

Саши Заиaӣ яке аз ҳунармандони номдори Тоҷикистон аст. Дар консерти ҳунарманд дар Маскав ҳазорон тоҷикон ҷамъ омада буданд.

Лентаи хабарҳо
0