Қотили варзишгари қазоқ дар ҷои ҷиноят (НАВОР)

Обуна шудан
Қотили эҳтимолии Денис Тен, варзишгари маъруфи қазоқ ба макони ҷиноят оварда шуд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи навори нашршуда аз макони қатли варзишгар, боздоштшуда Нуралӣ Киёсов, сокини 24-солаи вилояти Ҷумбул ба мақомоти тафтишотӣ рафти ҳодисаро нишон додааст.  

Мақомоти тафтишотии Қазоқистон мегӯянд, номи муттаҳами дигар дар қатли Денис Тен аллакай маълум буда, мавриди пайгард қарор дорад.

Ҳукми зиндони абади як шаҳрванди Русия барои куштори муҳоҷирони тоҷику узбак

Денис Тен 19 июл пеши роҳи ду нафарро, ки хостаанд оинаи мошинашро дузданд, гирифтааст. Ҳангоми муноқиша муттаҳамон бо корд ба рони Денис Тен зарба задаанд, ки дар натиҷа варзишгар дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Денис Тен 25 сол дошт. Маросими видоъ бо варзишгари марҳум 21-уми июл дар назар аст. Ӯ барандаи медали биринҷии олимпиадаи Сочӣ, медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон – 2013 ва медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон – 2015 аз рӯи рақси болои ях мебошад.

 

Лентаи хабарҳо
0