Рекорд: духтари лоғаре дар 23 дақиқа 255 кабоб хӯрд (НАВОР)

Обуна шудан
Серен Йилмаз дар сабқати кабобхӯрӣ, ки дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Анталия баргузор шуд, пирӯз гашт

Дар навор дида мешавад, ки як духтари турк, ки ҷисми лоғаре дошт, дар сари миз ба кабобхӯрӣ машғул аст. Ӯ аввал оҳиста ба хӯрдани ғизо сар карда, то рафт тезтар кабобҳоро ба даҳон андохтан мегирад.

Пас аз чанд лаҳза дида мешавад, ки табақи назди духтар холӣ шудааст.

Ҳамагӣ дар 23 дақиқа, духтари лоғару нозук 255 сихкабоб хурдааст. Ҳамин тавр, Серен дар 23 дақиқа 255 кабоб хӯрдааст.

Ҷолибаш ин аст, ки афзун бар хӯроки зиёд духтараки лоғар нону хӯриш хурда, ду левон обу айран нушидааст, ки дар барномаи сабқат дохил намешуд.

Вазни Серен ба иштиҳояш мувофиқ нест. Вай ҳамагӣ 44 кило аст. Ба ин хотир  доварони аввал намехостанд ӯро  ба сабқат роҳ диҳанд.

Ба ғолиби озмун тӯҳфаҳои қимматбаҳо ва ба табобатгоҳе роҳхат доданд.

Лентаи хабарҳо
0