Тарбузи резинӣ: навори ҷаҳиши тарбуз мисли тӯб корбаронро шигифтзада кард

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шудааст, ки дар он чанд нафар тарбузеро ба замин мезананд: тарбуз мисли тӯб боло мешавад ва баргашта ба замин меафтад, аммо намекафад

Дар Узбакистон тарбузи аҷибе рӯидааст:  онро наметавон бо корд бурид ё ба замин зада кафонид.

Дар навор чанд мард кӯшиш доранд тарбузро бар замин зада кафонанд.

Онҳо ҳатто тарбузро аз баландии 2 метр ба замин меандозанд, аммо тарбуз ба монанди тӯб бозӣ карда, намекафад.

"Ин тарбузи худрӯй аст"- мегуяд дар навор яке аз онҳо.

Тарбуз чанд маротибаи дигар ба замин мезананд, аммо бенатиҷа. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин тарбузи аҷибро ба тӯб монанд карда, навиштаанд, ки "инхелашро бори аввал мебинем".

Лентаи хабарҳо
0