11:15 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Видео

"Пранк"-и тоҷикӣ: донишҷӯён дар Душанбе мардумро ба воситаи айфон мазоҳ карданд (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
117511

Ба воситаи айфон, дурбин ва ширеш донишҷӯёни шӯх дар кӯчаҳои Душанбе ҳилае бофта, онро ба навор гирифтанд

Донишҷӯёни ҷавон санҷиш гузарониданд, ки то кадом дараҷа мардуми Душанбе ба айфон дода шудаанд.

Онҳо барои ин ҳила аз телефон, камера ё дурбин ва ширеч истифода карданд. Наворро шабакаи "Дневник таджика" дар Ютуб мунташир кард.

Онҳо дар чанд минтақаи Душанбе нуқтаи назоратӣ насб карда, айфонро ба асфалт ба воситаи ширеш часпониданд. Чунин менамуд, ки айфон дар роҳ афтодааст, касе онро гум кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки роҳгузарони зиёде — занону мардон ва ҷавнону наврасон кӯшиши аз замин бардоштани айфонро карданд.

Одамон барои гирифтани он ба замин хам мешуданду аз накӯчидани он дар хиҷолат монда, аз ҷой мехестанд.

Баъзеҳо шояд мехостанд муайян кунанд, ки барои чӣ айфон аз замин намекӯчад, барои ҳамин онҳо бо пойи худ кӯшиш мекарданд, ки онро кӯчонанд.

Донишҷӯён дар анҷом ваъда додаанд, ки навор идома дорад ва ба наздикӣ онро мунташир мекунанд.

Барчаспҳо:
мазоҳ, айфон, навор, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ