02:04 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Видео

Аз "бӯзина" ба зебосанам дар 2 дақиқа: навори тағйирёбии кулл бо пардоз

Гирифтани линки кӯтоҳ
346 0 0

Корбарони Фейсбукро ҳунари пардозкунии ҷавондухтаре аз Чин шигифтзада кард: Си Хуахуа дар чанд дақиқаи навор ваҷҳи рӯяшро чунон тағйир медиҳад, ки шинохтанаш мушкил мешавад

Навор аз лаҳзае сар мешавад, ки духтар аз намуди зоҳириаш изҳори норозигӣ мекунад. Духтар бо рангуборе, ки дар даст дошт, худро пардоз карда, ба зебосанаме табдил меёбад, ки умуман ба Си Хуахуа монанд нест.

Духтарак аввал ба воситаи крем тамоми норасоии рӯяшро пинҳон мекунад, абрӯвони сохта ва мижгонҳои сохта мечаспонад. Чашмонашро чунон оро медиҳад, ки калонтару ҷаззобтар мешаванд. Ҳатто шакли бинӣ ва рӯяшро низ тағйир медиҳад.

Наворро хабаргузории 9Gag мунташир кардааст.

Корбарони интернет менависанд, ки намуди зоҳирии духтарак пеш ва баъд тамоман фарқ дорад. Онҳо навиштаанд, ки бо ин "қувваи" пардоз бӯзина ҳам метавонад ба зебосанам табдил ёбад.

Барчаспҳо:
пардоз, зебосанам, Дар ҷаҳон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ