Ҳамлаи ҷангиёни ДОИШ ба пулис дар арафаи иди Қурбон дар Русия ба навор афтод (НАВОР)

Обуна шудан
Лаҳзаи ҳамлаи ҷангиёни ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба полис дар ҷумҳурии Чеченистони Русия дар арафаи иди Қурбон ба навор афтод

Аз навор дида мешавад, ки чигуна ронандаи худраве дар даромади шаҳри Грозний — пойтахти Чеченистон чанд корманди БДА-ро пахш мекунад. Мақомот ба ҷониби худрави ҷинояткорон оташ кушода, онҳоро безарар гардонидаанд.

Тақрибан дар ҳамин вақт ду марди бо корд мусаллаҳ дар шӯъбаи ВУД дар ноҳияи Шалинскии Грозний чанд полисро маҷрӯҳ карда, кӯшиши ба шӯъба ворид шуданро кардаанд.

Ҳамчунин яке ҷавон дар назди постгоҳи пулиси ҷамоати Маскер-Юрт худашро тарконидааст.

Мақомоти тафтишотии Чеченистон ҳувияти 5 ҳамлагарро муайян кардаанд. Ҳамаи онҳо тақрибан аз ноҳяи Шалинскии ҷумҳурӣ буда, аз 18-сола боло набудаанд.

Ду ҳамлагари кушташуда, додарон буданд, ки яке 16-сол ба дигаре 12-сол доштаанд.

Лентаи хабарҳо
0