Мусофирон муҳаррики оташгирифтаи Ту-204-ро ба навор гирифтанд (НАВОР)

Обуна шудан
Мусофирони ҳавопаймои Ту-204 ширкати Red wings нишасти ҳавопаймои оташгирифтаро ба навор гирифтанд

Дар навор дида мешавад, ки забонаи оташ қаноти ҳавопайморо фаро гирифтааст.

Тавре аз гуфтушуниди мусофирон бармеояд, онҳо аз ин ҳодиса ба таҳлука наафтодаанд. Мусофири наворгиранда ҳатто ҳазл мекунад.

"Шумо, дар рухсатиед? Рухсатии хубро таманно дорам", — мегӯяд вай ба мусофири дигари ҳавопаймо.

Шаби 21 август, ҳавопаймои Уфа-Сочи ба садама дучор шуда, нигшасти изтирорӣ кард.

Ҳавопаймо 204 мусофирро интиқол медод. Гуфта мешавад, дар натиҷаи нишасти изтироре нафаре аз мусофирон ҷароҳат набордоштаанд.

Лентаи хабарҳо
0