Узбакистониён оммавӣ Туркияро тарк мекунанд (НАВОР)

Обуна шудан
Садҳо шаҳрвандони Узбакистон, ки дар Туркия фаъолият доштанд, ҳамарӯза тарки кишвар мекунанд. Гуфта мешавад, онҳо бо далели беқурб шудани лири туркӣ тарки кишвар мекунанд

Наворро аз фурудгоҳи Стамбул бахши узбакии хабаргузории Би-би-си паҳн кардааст.

Паст шудани қурби пули Туркия далели то ду маротиба кам шудани даромади муҳоҷирони узбак дар ҷумҳурӣ гаштааст.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ Узбакистон бори аввал интиқоли шаҳрвандонашро барои кор ба Туркия рӯи даст гирифт.

Ҳамчунин дар барои муҳоҷирати шаҳрвандони Узбакистон ба Туркия ду кишвар созишномаи вижа имзо карданд.

Мувофиқи он шаҳрвандони Узбвакистон бо бастани шартнома бо кордиҳанда ва иҷрои талаботи қонун дар Туркия фаъолияти меҳнатӣ карда метавонанд.

Гуфта мешавад, беқурбшавии лираи туркӣ дар ҳошияи тезу тунд шудани муносибатҳои Туркия ва Амрико ба миён омадааст.

Раисҷумҳури Амрико пештар гуфт, ки боҷи алюминий ва оҳани Туркияро аз 20 то 50 дарсад боло бурдааст.

Туркия дар посух ба ин амали Амрико боҷи 22 маҳсулоти амрикоиро боло бурд.

Лентаи хабарҳо
0