14:48 19 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Видео

Ман либосамро намекашам!: Конори нимбараҳна Ҳабибро як мушт зад (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
406310

Конор дар маросими вазнкашӣ ба саҳна баромада, сарпӯшашро ба ҷониби мухлисон ҳаво дод. Сипас либосҳояшро кашида, нимбараҳна ба тарозу баромад. Ҳабиб ба саҳна ҳозир шуда ба болои тарозу баромад ва гуфт, ки либосашро намекашад, панҷаи ӯ ба осмон ишора мекард

Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор дар маросими вазнкашӣ хост Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори Русияро лату кӯб кунад. Дар ҳоле ки Ҳабиб низ омодаи ҷанг буд, онҳоро доварон аз ҳам дур карданд. Конор як мушт ба дастони Ҳабиб зад ва лагад бардошта дарафтоданӣ шуд, ки ӯро аз Ҳабиб дур карданд.

Маросими вазнкашии муҳорибаҳои қаҳрамонии UFC дар Лас-Вегас баргузор шуд. Муҳорибаи Ҳабиб ва Конор рӯзи 6 октябр баргузор мешавад.

Ҳабиб Нумуҳаммадов  дар 26 муҳорибааш ҳамеша пирӯз шудааст. Конор Макгрегор дар 24 муҳориба 3 маротиба мағлуб гаштааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ