Навори фурӯрезии эскалатори метро бо ҳаводорони футболи Русия

Обуна шудан
Шоми рӯзи гузашта, 23 октябр дар Рум дар истгоҳи метрои "Репубблика" эскалатори метро фурӯ рафт, ки дар натиҷа 15 шаҳрванди Русия ҷароҳат бардоштанд

Ҳамагӣ дар пайи ҳодиса 19 тан маҷрӯҳ шудаанд, ки аз онҳо 15 нрафарашон шаҳрвандони Русия ва 4 танашон шаҳвандони Украина будаанд.

Дар наворе, ки шоҳидон гирифтаанд, дида мешавад, ки эскалатор хело тез ҳаракат мекунад. Дар натиҷа, нафарони дар поён буда, наметавонанд фароянд ва болои ҳам меафтанд.

Мусофироне, ки дар эскалатори дигар мефаромаданд, кӯшиш мекунанд, ки ба онҳо кӯмак расонанд.

Масъулини метро ба зуди зинапояро боздоштанд.

Бино бар маълумотҳои пешакӣ, далели фурӯрезии эскалатор ҳаракати нодурусти ҳаводорони футбол гаштааст: онҳо дар зинапоя ҷаҳидаанд.

Аммо шоҳидон мегӯянд, ки зинапоя якбора ба тез ҳаракат кардан даромад, ки дар натиҷа мусофирон болои ҳам афтоданд.

Лентаи хабарҳо
0