14:48 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Видео

Мӯъҷиза: дар Туркия ду занро замин фурӯ бурд, ҳиҷобпӯшашон эмин монд (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
345510

Дар Туркия дурбинҳои назоратӣ навори фурӯрезии роҳро сабт кардаанд, ки дар натиҷа ду зан зери сангу хок монданд. Шоҳидони ҳодиса зуд ба кӯмаки занон шитофтанд. Мӯъҷизавор зане, ки ҳиҷоб ба бар карда буд, осеби ҷиддие надидааст

Дар шаҳри Диёрбақири Туркия ду зан сӯҳбаткунон аз пиёдароҳае мегузаштанд. Ягон нафар аз онҳо намедонист, ки пас аз ҳамагӣ чанд лаҳзае замин аз зери пойи онҳо нопадид мешавад.

Дар ҳамин ҳол, якбора дар ҷое, ки занҳо меистоданд, замин фурӯ рафт, ду зани турк ба чуқури афтоданд ва зери сангу хок монданд.

Замин қариб ки занҳоро фурӯ бурда буд. Ин навор корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳайрат овардааст. Шоҳидони ҳодиса ба кӯмаки занон шитофтанд.

Дар навор дида мешавад, ки марде кӯшиши аз зери замин берун кардани занҳоро мекунад. Дигарон наҷотдиҳандагонро даъват мекунанд. Ҳоло занҳо дар беморхона қарор доранд. Мӯъҷиза буд, ё тасодуф, ки зане ки ҳиҷобпӯш буд, дар пайи ҳодиса осеби ҷиддие надидааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ