Сатторов ба муҳоҷирон: аз рӯйхати сиёҳ бароед ва кору зиндагии худро идома диҳед (ВИДЕО)

Обуна шудан
Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мегӯяд, соли гузашта на ҳамаи муҳоҷирон хабардор шуданд, ки дар Русия қонуни авф ё қонунигардонии будубош амалӣ мешавад

Ба гуфтаи Сатторов, авф - дар ҳоле ҷой дорад, ки агар одамон ба ҷинояте даст задаанд, аммо шаҳврвандони Тоҷикистон ҷиноят накардаанд.

"Ба рӯйхати сиёҳ нафароне ворид шуданд, ки танҳо аз надонистан мӯҳлати ҳуҷҷатеро гузаронидаанд, ё қоидаи роҳро вайрон кардаанд, ё қарзи телефонашонро партдохт накарданд. Ба ин ҳолат шаҳрвандони Русия низ рӯ ба рӯ мешаванд: онҳо ҳангоми сафар мефаҳманд, ки аз ҷое қарздор будаанд", - афзудааст вай.

Ҷаноби афзур таъкид кард, ки соли 2017 на ҳамаи муҳоҷирон хабардор шуданд, ки қонуни авф амалӣ меашавад.

Ба гуфтаи сафир, ҷониби Тоҷикистон аз Русия хоҳиш кардааст, ки ба муҳоҷирони тоҷик имконият.,диҳад то будубоши худро бидуни тарс аз депорт қонунӣ кунанд.

"Ба онҳо эълом кунанд: "Будубоши худро қонунӣ кунед ва ҳуҷҷат гиред. Агар кор дошта бошед, фаъолияти худро идома диҳед, агар не, то замоне ки кор пайдо мекунанд, аз Русия мераванд", - мегӯяд вай.

Вай таъкид кард, ки бо ин роҳ "шумораи зиёди муҳоҷирони ғайриқонунӣ будубоши худро қонунӣ мекунанд".

Лентаи хабарҳо
0