15:49 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Видео

Ҳама кушта шуданд: навор аз ҷойи суқути Boeing 737 дар Индонезия

Гирифтани линки кӯтоҳ
952 0 0
© Associated Press

Ҳавопаймо ҳамагӣ пас аз 10 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Ҷакарта аз радар ғайб зад

Дертар маълум гардид, ки ҳавопаймо ба дарё афтода, ғарқ шудааст. Эҳтимол меравад, ки ҳавопаймо то чуқурии 35 метр ғӯтида бошад.

Дар Boeing 737  189 мусофир ҳамчунин сарнишнон қарор доштанд. Гуфта мешавад, 20 нафар аз мусофирон кормандони Вазорати молияи Индонезия буданд.

Дар навор дида мешавад, ки дар болои об қисмҳои ҳавопаймо - нишона аз садамаи ваҳшатбор шино мекунанд.

Маълум аст, ки пеш аз суқуқт сарнишин иҷозат пурсидааст, ки ба фурудгоҳ баргардад. Ба ҳавопаймо иҷозати баргаштан доданд, аммо ҳодисаи нохуш сар задааст.

 

Наҷотдиҳандагон аллакай дар ҷойи ҳодиса ҷасади чанд мусофиронро пайдо карданд.

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия Ҷоко Видодо изҳори ҳамдардӣ карда буд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ