23:03 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Видео

Нозияи Кароматуллоҳ ба саҳна баргашт ва таронаи падарро зинда кард (НАВОР)

Гирифтани линки кӯтоҳ
2587 0 0

Намоҳанги тозаи овозхонҳои номии тоҷик Нозияи Кароматуллоҳ ва Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ "Эй ишқи рӯҳафзо" боиси хушнудии мухлисони падари ҳунармандони ҷавонон - Қароматуллоҳи Қурбон гардидааст. Ба гуфтаи онҳо, Нозия на танҳо ба саҳна баргашт, балки бо бародараш таронаи падарро дубора зинда карданд

Овозхонҳои номии тоҷик Нозияи Кароматулло ва Муҳаммадрофеи Кароматулло таронаи "Эй ишқи рӯҳафзо"-и шодравон Кароматуллоҳи Қурбон ва Ширинмоҳ Ниҳоловаро бозсароӣ карданд.

Мухлисони Нозияи Кароматулло аз мунташир шудани намоҳанги тозаи Нозия изҳори хушнудӣ карда, онро нишонаи бозгашти сароянда ба саҳна унвон кардаанд.

Тавре дар намоҳанги тарона дида мешавад, Нозия зоҳиран имеҷи худро нав кардааст. Ӯ бо мӯйҳои ҷингила ва чун ҳамеша абрӯвони сиёҳи тоҷиконааш намудор мешавад. Мухлисонаш дар шарҳҳои зери суруд навиштаашон аз имеҷи тозаи сароянда пазироӣ кардаанд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ