13:45 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Видео

Даниэл Рустамов мағлуб шуд, аммо ӯро наҷот доданд - Навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
80901

Даниэл суруди Jah Khalib "Лейла"-ро иҷро кард ва ба давраи дигари лоиҳаи мусиқии "Голос" гузашт. Аммо ин пирӯзии вай ғайриинтизор буд, зеро аввал ҳама фикр карданд, ки мағлуб шуд

Пас аз баромади се овозхон аз ҳайъати ҳакамон мусиқинавоз Баста гуфт, ки ба Рустамов каме эҳсосот намерасид. Сергей Шнуров гуфт, ки ба вай тамоми довталабон хуш омаданд ва барояш якеро интихоб кардан мушкил аст.

Устоди гурӯҳ Ани Лорак изҳор дошт, ки бо шогирдонаш ифтихор мекунад ва онҳо ҳама заҳмат кашиданд. 

 "Ҳамаи шумо ҳунарманди ҳақиқиед", - изҳор дошт вай.

Аммо Лорак барои Уку Сувистеро интихоб кард ва пирӯзӣ насиби ин ҳунарманд   шуд. Даниэл бояд саҳнаро тарк мекард, аммо дар ҳамин вақт садои занги Сергей Шнуров баланд шуд ва ин маънои онро дошт, ки Даниэл ба давраи дигари лоиҳа мегузарад.

Пештар Ани Лорак ёдрас шуда буд, ки мувофиқи тартиботи озмун ҳакамон метавонанд яке аз овозхонҳоро интихоб кунанд.

Ҳамин тавр, Даниэл Рустамов дар давраи навбатии "Голос" низ ҳунарнмоӣ хоҳад кард.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ