15:57 23 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Видео

Ҷорҷ Буш дар маросими дафни падараш ба ҳамсари Обама қанд дод - Навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
894 0 0

Раисҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Буши хурдӣ дар маросими видоъ бо падараш Ҷорҷ Буши калонӣ Мишел Обама, ҳамсари раисҷумҳури пешини Амрико Борак Обамаро бо қанд "меҳмондорӣ" кардааст

Дар навор дида мешавад, ки чигуна Буши хурдӣ ба Калисои ҷомеи Вашингтон, ки дар он маросими видоъ бо раисҷумҳури пешин баргузор гардид, ворид мешавад.

Нахуст ӯ бо раисҷумҳури феълии Амрико Доналд Трамп ва бонуи аввали Амрико Мелана салом мекунад. Баъдан тавре дар наворҳо равшан намудор мешавад, бо раисҷумҳури пешини Амрико Борак Обама салом карда, ба ҳамсараш қанд медиҳад.

Дар посух ба вай, Мишел Обама табассум мекунад.

Ёдрас мешавем, Буши хурдӣ дар маросими видоъ бо вакили ҳизби ҷумҳурихоҳони Амрико Ҷон Маккейн низ чунин карда буд.

Дар навори маросим дида мешавад, ки Ҷорҷ Буш ба ҳамсари Обама қанд медиҳад.

Ҷорҷ Буши калонӣ, раисҷумҳури чилу якуми Амрико дар аввалҳои моҳи декабр дар 95-солагӣ даргузашт.

Буш солҳои охир дар бистари беморӣ будааст. Баҳори соли равон ҳамсараш Барбара Буш низ дар 73-солагӣ вафот кард.

Як сол пештар Ҷорҷ Бушро дарозумтарин президентони ИМА унвон карда буданд. Аз ӯ 5 фарзанд, 17 набера ва 8 абера монданд. 

Маросими видоъ бо Буш 6 декабр дар Вашингтон  баргузор шуд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ