11:50 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Видео

Тараҳҳум ба озодапаланг дар Помир: баъди селфӣ, “зебои куҳистон”-ро озод карданд - видео

Гирифтани линки кӯтоҳ
616 0 0
© Курбон Аламшо

Сокинони деҳаи Ширгини ҷамоати Вранги ноҳияи Ишкошим як бабри барфӣ, ки даҳҳо чорвояшонро нобуд кард, дастгир намуда, баъди "селфӣ"-ю обдиҳӣ ба ҷойи дуртар бурда, раҳо карданд

Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Вранг,  ҳамлаи бабри барфӣ,  ки инчунин озодапаланг ё паланги ширмолаш низ ном мебаранд,  ба чорвои маҳаллӣ, ки дар доманакуҳ мечарид,  23 ноябри соли равон равон оғоз гардид.  Он рӯз бабр дар як лаҳза се гусфандро аз пой зад.  

Шаби 23 ба 24 ноябр, бабри мазкур дар деҳаи Ширгин тариқи шикофии бом вориди оғил шуда, 12 сар чорвои хурди шаҳрванд Мулкамоновро гардан задааст.  Ин ҷонвар, ки “зебои куҳистон” номаш мебаранд, шаби 25 ба 26 ноябр ба хоҷагии сокини дигари Ширгин – Меҳрон Балабеков ҳамла карда, чорвои зиёдро нобуд кардааст.

Сокинон якҷоя бо масъулини ҳифзи муҳити зист ва вуҳуш бабрро дастгир карда, давоми ду рӯз дар ҷои амн нигоҳ дошта бо обу ғизо таъмин намудаанд. Сокинон баъди суратгирию “селфӣ” бо “зебои куҳистон” онро ба масофаи даҳҳо километр дуртар аз маҳалли зисти одамон бурда, озод кардаанд.

Ин нахустин ҳолати дастгир ва раҳо кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ дар ВМКБ набуда, тараҳҳуми сокинони маҳаллиро ба олами вуҳуш мутахассисони ҳифзи муҳити зист натиҷаи ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар бахши зарурати ҳифзи олами вуҳуш арзёбӣ мекунанд.

Бабри барфӣ, ё озодапаланг одатан дар баландиҳои то 6 ҳазор метр иқомат мекунад ва баъзан дар пайи сардию камғизоӣ вориди деҳаҳо шуда, чорвои мардумро туъма мекунад.  Теъдоди бабрҳои барфӣ, ки аз нодиртарин ҳайвонот дар ҷаҳон ба шумор меравад, дар Тоҷикистон ҳудуди 300 сар арзёбӣ шуда, он шомили Китоби сурх мебошад.

Барчаспҳо:
модабабр, Ишкошим, помир, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ