Арчаи 5-метра ба болои писараки хурдсол афтод - Навор

Обуна шудан
Дар Узбакистон ба болои кӯдаке арчаи солинавии 5-метра афтод

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфтааст, ки дар он дарахти баланде ба болои писараке сарозер мешавад.
Дар он дида мешавад, ки чанд пкӯдак дар атрофи арча даву тоз мекунанд.

Пас аз чанд лаҳза писараке мехоҳад аз арча бозичаеро канад. Ногаҳон ӯ дар грилянда печ мехӯрад.

Кӯдак аз рӯйи нофаҳмӣ, гриляндаро  ба ҷониби худ мекашад, ки дар натиҷа арча ба болояш меафтад.

Шоҳидони ҳодиса зуд ба кӯмак мешитобанд. Хушҳолона дар пайи ин ҳодисаи нохуш, вай танҳо осеби сабук мебардорад.

Навор бошад дар шабакаҳои иҷтимоӣ "парвоз" мекунад.

Лентаи хабарҳо
0