09:35 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Видео

Навори омодагии Даниэл Рустамов ба давраи нимниҳоии "Голос"

Гирифтани линки кӯтоҳ
183 0 0
© Youtube / Голос / The Voice of Russia

Овозхони тоҷик Даниэл Рустамов ба давраи нимниҳоии озмуни "Голос" роҳ ёфт ва феълан барои ҳунарнамоӣ дар давраи дигари озмун омодагӣ мебинад

Овозхони ҷавони тоҷик Даниэл Рустамов ба давраи нимниҳоии озмуни мусиқии номии Русия "Голос" роҳ ёфт.

Дастовардҳои вай боиси дастгирии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Бештари сокинони Тоҷикистон наворҳои ҳунарнамоии ӯро бознашр карда, навиштаанд, ки аз ҳамватани худ ифтихор мекунанд ва даъват мекунанд, ки ба ҷонибдории Рустамов овоз диҳанд.

"Ман, ростӣ боварӣ надоштам, ки то ин давра мерасам. Ин як мӯъҷизаест. Ман ҳеҷ вақт боварӣ надоштам, ки  дар "Голос" то давраи нимниҳоӣ мерасам. Пеш аз ҳама ман аз Худо ва нафароне, ки ба ман овоз додаанд, миннатдорам", - гуфт вай.

"Ҳамватанони азизам, дар давраи нимниҳоӣ ба ҷонибдории ман овоз дода, маро дастгирӣ кунед. Якҷо мо қувваи бузургем. Тоҷикистон, ба пеш!", - мегӯяд вай дар наворе, ки дар саҳифаи фейсбукиаш мунташир шудааст.

Феълан, овозхон барои баромадан ба саҳна омодагӣ мебинад.

"Рақс кардан ва суруданро ҳамоҳанг кардан мушкил аст. Барои ҳамин сахт омодагӣ мебинем", - мегӯяд вай.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ