15:29 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Видео

Барои чӣ гиря мекунӣ?: раисҷумҳур барои ором кардани кӯдак аз роҳаш баргашт

Гирифтани линки кӯтоҳ
316502
Пятый канал

Духтарак барои бо раисҷумҳур акс гирифта натавонистанаш, сахт андӯҳгин гашта, гиря кардааст. Президент аз худрав фаромада, ба назди кӯдак рафт, то хоҳиши ӯро иҷро кунад

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар рафти сафар ба Санкт Петербург барои ором кардани духтараке аз роҳаш баргашт.

 Путин 7 январ  аз қалъаи Петропавловск дидан кард. Дар рафти сафар сокинони зиёде раисҷумҳурро ҳамроҳӣ мекарданд ва мехостанд бо ӯ акс гиранд. Аз баски мардум зиёд буду вақти раисҷумҳур кофӣ набуд, на ҳама тавонистанд бо президент акс гиранд.

 Духтараке, ки дар тан палтои кабутак дошт, барои бо раисҷумҳур акс гирифта натавонистанаш, гиря кардааст.

Дар навор мошини раисҷумҳур дида мешавад, ки дар он парчами Русия насб гардидааст. Путин аллакай дар дохили мошин буд, ки чашмаш ба духтарак афтод: ӯ  гиря мекрд, ки натавонист бо президент акс гирад.

Раисҷумҳур аз роҳаш баргашт ва аз мошин берун шуд. Посбони президент духтаракро ба наздиктар даъват кард.

 

"Гиря накун, барои чӣ мегирйӣ? - гӯён раисҷумҳур духтаракро бар оғӯш мегирад.
Духтарак дар посух мегӯяд, ки мехост бо президент акс гирад, барои ҳамин ғамгин шуд.

Модари духтарак дар ҳамин ҳол зуд духтарашро бо президент акс мегирад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ