15:23 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Видео

ФСБ навори боздошти нашъаҷаллобонро мунташир кард

Гирифтани линки кӯтоҳ
143 0 0

Кормандони ФСБ Русия гуруҳи нашъаҷалобонеро, ки аз Осиёи Миёна ба Русия маводи мухаддир меовардаанд, дастгир намуд

Новобаста аз он, ки нашъаҷаллобон шабонгоҳ дар дохили ҷангалзорҳои Маскав доду гирифт мекарданд ва ҳилаву найрангҳои зиёдро ба кор мебурданд, дар амалиёти охирон дастгир шуданд. Аз онҳо 43 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид.

Дастгиршудагон дар боздоштгоҳ буда, нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Чанде пеш расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода буданд, ки додгоҳи вилояти Челябинск як зодаи Осиёи Марказиро, ки ному насабашро иваз карда, ба Русия сафар карда буд, дастгир намуда ба муҳлати 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон карда буд.

Ҷинояткор 4 сол пеш аз зиндон озод шуда, ба Тоҷикистон хориҷ шуда будааст. Аммо мутаасифона зиндон ба ӯ дарс нашуда, бори дуюм ба нашъаҷалоби машғул шуда боз ба Русия сафар намуда корашро давом додан мехостааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ