Навори мудҳиши суқути ҳавопаймои Boeing 707 дар Эрон - Навор

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори мудҳиши суқути ҳавопаймои боркаши Boeing 707 пайдо шуд

Ҳавопаймои Boeing 707, ки ба артиши Эрон тааллуқ доштааст, аз Бишкек ба фурудгоҳи байналмилалии "Паёми"-и шаҳри Караҷ парвоз доштааст.

Аммо боинг ба фурудгоҳи Фатҳи музофоти Албурз нишасти изтирорӣ анҷом медиҳад, ки дар натиҷа аз хати парвоз берун шуда, ба маҳалли истиқоматӣ даромадааст.

Хушбахтона дар маҳал сокинон набуданд. Ҳавопаймо оташ гирифтааст.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Қирғизистон, аз 16 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, як нафарашон зинда мондаанд.

Дар навор қисматҳои сӯхтаи ҳавопаймо дида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0