Тарсончак нестам, аммо метарсам: шоҳи ҳайвонот аз тарс ситораи интернет шуд - навор

Обуна шудан
Шере болои дарахти баланде дар даштҳои Африқо андармон шуда ситораи интернет гашт

Наворе, ки дар он шоҳи ҳайвонот дар мамнуъгоҳи Масаи-Мара дар Кения болои дарахт баромадааст, дар интернет дастраси тамошобинон гардидааст.

Шер метарсад аз болои дарахт фарояд: вай аз тарси афтидан овозашро баланд мекунад.

Чанде пас шерҳои мода ба назди дарахт меоянд, то ки ӯро дастгирӣ кунанд, аммо ин ҳам кумак намекунад.

Танҳо баъди рафтани онҳо шери тарсончак болои тарсаш "ғолиб" омада  ба фаромадан оғоз мекунад.

Шери тарсу болои дарахт табъи тамошобинонро баланд бардошта онҳо вобаста ба ин навор шарҳҳои хандаовар навиштанд.

“Оташнишонро ҷеғ занед, то ки гурбаро наҷот диҳанд”, - навиштааст яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

“Шер – ман “медитироват” кардам, акнун ба ман зинапоя диҳед, то ки фароям", - ба “фикри”  шоҳи ҳайвонот истинод кардааст як бинандаи зирак.

Шерҳо асосан дар даштҳои сералафи камдарахт зиндагӣ мекунанд, лекин ба ҷойҳои буттазор ва ҷангалзорҳо низ мераванд. Бо фарқият аз дигар намуди дарандагон онҳо оилавӣ ва гуруҳ-гуруҳ зиндагӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0