03:12 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Видео

Алӣ салом доду Баттор зарба зад: оғози ношоиста дар чанд сония бо шикаст анҷомид

Гирифтани линки кӯтоҳ
1053 0 0

Алӣ Кабдулло, размикори қазоқистонӣ аз Остона рақиби муғулаш, Батбаатор Батторро, ки дар оғози сабқат ба ҷои салом зарба зад, тайи чанд сония мағлуб кард

Сабқати мазкур дар вазни то 66 кило дар Улан-Батор сурат гирифта, размикори муғул дар оғози сабқат ба ҷои саломи анъанавӣ, ки Алӣ барои он дасташро дароз кард, бо зарба посух дод.

Бо ин зарбаи ғайричашмдошт, Кабдулло, қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон дар риштаи самбои размӣ ба пушт афтид ва размикори муғул талош кард, бо зарбаҳои пайиҳам ӯро то мағлубият кӯбад.

Аммо Алӣ Кабдулло дар давоми ҳамагӣ чанд сония аз шеваи шикананда, ё худ дардзо кор бурда, Батторро маҷбур ба таслим кард.

Ҳамин тариқ оғози сабқат бо шеваи ношоиста ва зарба ба ҷои салом натавонист қувваозмоиро ба фоидаи Баттор ба анҷом расонад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ