15:07 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Видео

Мумкин аст, акс гирем?: донишҷӯёни тоҷик ба Лавров тарона хонданд ва акс гирифтанд - Навор

Гирифтани линки кӯтоҳ
480 0 0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавровро пешвоз ва бо ӯ акс мегиранд

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар рафти сафар ба Тоҷикистон дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баромад кард. Дар даромадгоҳ вазирро донишҷӯёни тоҷик ва рус бо либоси миллӣ пешвоз гирифтанд.

Онҳо барои Лавров тарона хонданд.

Яке аз духтарон аз вазир иҷозат пурсид, ки ҳамроҳаш акс гиранд.

Лавров дар рафти баромадаш гуфт, ки Русия кӯшиши ҷавонони тоҷикеро, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, қадр мекунад. "Имрӯзҳо мувофиқи барномаи русӣ бештар аз 28 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд", - афзуд вай.

Вазир ҳамчунин ёдовар шуд, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар рушди омӯзиши забони русӣ ва фарҳанги русӣ дар кишвар аҳамияти хос медиҳад.

Лавров 4-5 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафт. Ӯ бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ